Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Коргардони эронӣ хитоб ба аъзои Академияи Оскар: “Сукути худро бишканед”
Наргис Обёр, коргардон ва филмноманависи эронӣ, дар номае ба Академияи Оскар, хостори таваҷҷуҳи ҷомеаи ҳунарии ҷаҳон ба фоҷиаҳои инсонӣ, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомӣ ба Эрон ба вуҷуд омадаанд, шудааст.
Вай дар ин нома навиштааст: “Иқдомҳои низомии Амрико ва Исроил алайҳи Эрон сабабгори кушта шудани ҳазорон нафар, аксаран ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдакон шудааст. Ба гузоришҳои ниҳодҳое монанди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва манобеи хабарии байналмилалӣ дар бораи ҷиноятҳои ҷангии рухдода ишора мекунам ва ҷинояти ҳамла ба мактаби ибтидоӣ дар Миноб, ки боиси ҷон бохтани беш аз 180 кӯдаки 6 то 11-сола шудааст, ёдоварӣ мекунам”.
“Муқобили ин фоҷиаҳои инсонӣ сукут накунед ва бо истифода аз зарфиятҳои ҳунарӣ ва расонаии худ ва бозтоби он, нисбат ба ин мавзуъ вокуниш нишон диҳед. Ин иқдомҳоро маҳкум кунед, то ҷанге, ки алайҳи Эрон оғоз шудааст, поён ёбад ва ғайринизомиёни камтаре мавриди ҳадаф қарор бигиранд” – навиштааст Наргис Обёр, коргардони машҳури эронӣ дар номаи худ ба Академияи Оскар.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд