Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Расонаи покистонӣ: намояндагони Толибон ва Покистон барои коҳиши танишҳо дар Чин гуфтугӯ мекунанд
Як расонаи покистонӣ ба нақл аз мақомоти ин кишвар гузориш додааст, ки мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ва Покистон барои коҳиши танишҳои низомӣ дар шаҳри Урумчии Чин гуфтугӯ мекунанд.
Расонаи “Хуросон Дайрӣ” (The Khorasan Diary) рӯзи чоршанбе, 1-уми апрел ба нақл аз мақомоти Толибон ва Покистон гузориш дода, ки ҳайати Толибон, ба шумули намояндагони вазорати хориҷа ва вазорати дифои ин гурӯҳ, ба шаҳри Урумчии Чин сафар кардааст.
Бар асоси гузориш, ҳайати Толибон тавассути Вазорати корҳои хориҷаи ин гурӯҳ раҳбарӣ мешавад.
Ин гуфтугӯҳо дар идомаи сафарҳои намояндаи Чин барои Афғонистон ба Кобул ва Исломобод анҷом хоҳад шуд.
Дар гузориш омадааст, ки тасмим гирифта шудааст, то замони ҳосили пешрафти муҳим, нишастҳо дар сатҳи поин баргузор шавад.
Толибон ва Покистон ба гунаи расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Даргирии низомии Толибон ва Покистон ҳудуди як моҳ идома дошта ва даҳҳо ғайринизомӣ то кунун кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд