Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Нетанёҳу дар суханронии худ аз тарҳи “Исроили бузург” парда бардошт
Бенямин Нетанёҳу, нахуствазири режими Исроил дар конфронси матбуотӣ ошкоро аз роҳбурди ҷадиди Тел-Авив барои эҷоди “камарбандҳои амниятӣ” дар Навори Ғазза, ҷануби Лубнон ва ҷануби Сурия сухан гуфт: роҳбурде, ки таҳлилгарон онро бахше аз талоши режим барои пешбурди тарҳи деринаи “Исроили бузург” ва густариши ишғолгарӣ дар минтақа арзёбӣ мекунанд.
Вай бо таъкид бар ин ки артиши Исроил акнун “беш аз 50 дарсади Навори Ғазза”-ро дар контрол дорад ва дар ҷануби Лубнон ва Сурия низ “пешравиҳои муҳимме” дошта, гуфт: “Мо манотиқи амниятии амиқе фаротар аз марзҳои худ эҷод кардаем. Дар Ғазза, беш аз ними хоки Навори Ғазза. Дар Сурия, аз қуллаи кӯҳи Ҳермон (Ҷабал аш-Шайх) то Ярмук. Ва дар Лубнон, дар як минтақаи васеъ, ки таҳдиди Ҳизбуллоҳро хунсо мекунад ва хатари шиллики мушакҳои зиддитанк ба Исроилро коҳиш медиҳад”.
Нахуствазири режими Исроил бо беэътиноии ошкор ба қавонини байналмилалӣ, ишғолгарӣ, эҷоди ин камарбандҳои амниятиро “дастоварди майдонӣ” тавсиф кард ва аз тарҳе сухан гуфт, ки ҳадафи он густариши ишғолгарӣ ва таҳаққуқи “Исроили бузург” аст: тарҳе, ки солҳост дар маҳфилҳои амниятӣ ва сиёсии ин режим матраҳ аст ва акнун бо амалиёти низомӣ дар се ҷабҳа дунбол мешавад.
Нетанёҳу дар бахши дигари суханони худ аз “эътилофҳои ҷадид бо кишварҳои муҳимми минтақа” сухан гуфт ва тасреҳ кард, ки бархе давлатҳои арабӣ дар ҳоли гуфтугӯ дар бораи ҷангидан дар канори Исроил алайҳи Эрон ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд