Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Оғози қабули ҳуҷҷатҳо барои шомилшавӣ ба муассисаҳои таълимии Чин
Тибқи иттилои муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои соли таҳсили 2026-2027 оғоз гардид.
Манбаъ меафзояд, ки қабули довталабон тибқи талаботи донишгоҳҳои қабулкунанда ва пас аз гузаштани мусоҳиба сурат мегирад. Соли аввали таҳсил бо омӯзиши пешакии забони чинӣ оғоз шуда, баъдан таҳсил аз рӯи ихтисоси интихобшуда идома меёбад.
Гуфта мешавад, ки довталабони тоҷик метавонанда барои шомил гардидан ба муассисаҳои таълимии Коллеҷи касбӣ-муҳандисии Вэйфан (Weifang Engineering Vocational College), Донишкадаи политехникии Сянъян (Xianyang Polytechnic Institute), Коллеҷи касбӣ-техникии нақлиёти Гуанси (Guangxi Transport Vocational and Technical College) ва Донишкадаи технологияҳои санъат ва сафолгарии Сзянси (Jiangxi Arts - Ceramics Technology Institute) ҳуҷҷат супоранд.
Гуфта мешавад, ки ҳар муассисаи таълимӣ шароити қабул ва имконоти худро дорад, ки хоҳишмандон метавонанд пеш аз ҳуҷҷатсупорӣ ба онҳо шинос гарданд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 30-юми апрели соли равон пешбинӣ шуда, барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”