3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:17, Душанбе
05.03.2026 16:05

Лавров: “Русия ва шарикон ба дунболи таваққуфи таҷовузи низомии Амрико ва Исроил ҳастанд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия имрӯз дар нишасти хабарие гуфт: “Русия ва шарикони ин кишвар ба дунболи эҷоди фазое барои таваққуфи таҷовузи низомии Амрико ва Исроил ба Эрон ҳастанд”.

Ба гуфти ин вазири рус Русия ба ҳамроҳи дигар шарикон ва аъзои сулҳдӯсти ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Маҷмаи умумӣ, тамоми талоши худро хоҳад кард, то фазое эҷод шавад, ки чунин амалиётро комилан ғайримумкин кунад.

Русия ҳамчунин, ҳамдардии худро ба хотири ҳар гуна талафоти ғайринизомӣ дар буҳрони Ховари Миёна иброз намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.