Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Итминони ФИФА аз баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар Мексика
Раиси ФИФА бо вуҷуди нооромиҳои ахир дар Мексика таъкид кард, ки омодагиҳо барои баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ идома дорад.
Ба гузориши расонаҳо, раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) дар авҷи нооромиҳои Мексика ба пурсишҳо дар бораи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии 2026 посух дод.
Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА дидгоҳи худро дар бораи эҳтимоли баргузории мусобиқоти 2026 (FIFA World Cup) дар Мексика дар шароите, ки ин кишвар бо танишҳо рӯбарӯст, баён кард.
Инфантино изҳор дошт: “Вазъият ором аст ва дар ҳоли ҳозир ҳама чиз одӣ ба назар мерасад. Дар маҷмуъ, интизор меравад ҳама чиз ба сурати равон пеш равад”.
Рӯзи якшанбе амалиёти вижаи неруҳои мусаллаҳи Мексика ба кушта шудани Немесио Осегера, маъруф ба “Эл Менчо”, раҳбари яке аз бузургтарин картелҳои маводи мухаддири ин кишвар, яъне “Насли ҷадиди Халиско” анҷомид. Дар пайи ин рӯйдод, дар чандин шаҳри Мексика нооромиҳо шакл гирифт. Дар баъзе манотиқ, аз ҷумла Гвадалахара, ки аз шаҳрҳои мизбони яке аз дидорҳои барномарезишуда миёни тимҳои Испания ва Уругвай аст, аъзои картел бо оташ задани мошинҳо ва бастани роҳҳо боиси моҷаро шуданд.
Бар асоси барномарезиҳо, мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳида, Мексика ва Канада баргузор хоҳад шуд. Дар Мексика шаҳрҳои Мехико, Монтеррей ва Гвадалахара ба унвони мизбони мусобиқот интихоб шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”