3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:04, Душанбе
20.02.2026 13:25

Раҳбари Толибон “латукӯб”-и занон аз ҷониби ҳамсаронашонро қонунӣ кард

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи террористии Толибон тайи як “қонун”-и ҷазоии 90-саҳифаи нав, латукӯб кардани занон аз ҷониби ҳамсаронашонро қонунӣ кардааст.

Рӯзномаи “Телеграф” рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал ба нусхае аз ин “қонун” даст ёфтааст, ки ба додгоҳҳои саросари Афғонистон ироа шудааст.

Тибқи ин “қонун” мардон иҷоза доранд ҳамсари худро латукӯб кунанд, ба шарти он ки осори шикастагӣ ё захм дида нашавад.

Дар “қонун”-и Толибон омадааст, ки латукӯби занон муҷозоти ихтиёрӣ дониста мешавад ва на ҷурм.

Бар асоси гузориш, ҳатто дар мавридҳое, ки ҷароҳати ҷиддӣ қобили исбот бошад, ҳадди аксари муҷозот 15 рӯз зиндон аст.

Ин қонун ба гунае навишта шудааст, ки амалан исботи шароити лозим барои муҷозот тақрибан ҳаргиз мумкин набошад.

Дар ин гузориш омадааст: “Барои пайгирии шикоят зан бояд шахсан захмҳои худро дар баробари як қозии мард нишон диҳад, дар ҳоле ки комилан пӯшиш дошта бошад ва як сарпарасти мард ӯро ҳамроҳӣ кунад”.

Бино бар гузориш, моддаи 34 мегӯяд, зане, ки бидуни иҷозаи шавҳараш, ҳатто барои фирор аз хушунат ба хонаи падару модараш биравад, бо муҷозоти ҳадди аксар се моҳ зиндон рӯ ба рӯ мешавад.

Аъзои хонаводае, ки ба ӯ паноҳ диҳанд низ ба ҳамин муҷозот маҳкум хоҳанд шуд.

Гурӯҳи террористии Толибон эълом кардааст заноне, ки аз ин қонуни нав сарпечӣ кунанд, боздошт ва зиндонӣ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон интиқод аз “қонун”-и сохташуда тавассути ин гурӯҳро ҷурм эълом кардаанд.

Пеш аз ин, Толибон дар “усулномаи ҷазоии маҳоким” ғуломдориро ба расмият шинохта ва ҷомеаро ба чандин табақа тақсим кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.