Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон. Вохӯрии Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сайид Муҳаммад Атабак
Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Атабак вохӯрӣ кард.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз дошт, ки равобити Тоҷикистону Эрон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод