Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Ҷанг бо Эрон бозӣ бо оташ аст”
Ба гузориши расонаҳо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия изҳори итминон кард, ки кишварҳои арабӣ бахусус кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс тамоюле ба рӯ задани дубораи танишҳо перомуни Эронро надоранд ва ҳар гуна иқдом дар ин масирро “бозӣ бо оташ” тавсиф кард.
Лавров дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Арабия” таъкид кард: “Ман бодиққат вокунишҳо ба руйдодҳои минтақаро – ба вижа вокуниши кишварҳои арабӣ ва подшоҳиҳои Халиҷи Форсро дунбол мекунам. Ҳеч кас хостори ташдиди бештар нест. Ҳама огоҳанд, ки ин кор, бозӣ бо оташ аст”.
Вай бо ишора ба мавзеи Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроил изҳор дошт: “Вай бошиддати бисёр бар иқдомҳои радикалӣ алайҳи Эрон исрор дорад: иқдомҳое, ки ҳуқуқи Эронро бар асоси муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) ва дигар муоҳидот ва тавофуқҳои байналмилалӣ зери по мегузорад”.
Вазири хориҷаи Русия ҳушдор дод, ки ин гуна таҳрикҳо метавонад раванди мусбати солҳои ахирро, ки бо он шоҳиди барқарории равобит миёни кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, нуқсондор кунад. Вай таъкид кард, ки нуқтаи авҷи ин раванди мусбат, одисозии равобит миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон будааст.
Вай дар поён бо изҳори итминон аз садоқати Эрон дар ҳаллуфасли масоили барномаи ҳастаӣ бар пояи эҳтиром ба муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, хотирнишон кард: “Мо иртиботи наздик ва мустаҳкаме бо намояндагони Эрон дорем. Алӣ Лориҷонӣ ва вазири корҳои хориҷаи Эрон, Аббос Ироқчӣ ба таври мунтазам бо мо дар тамос ҳастанд. Ҳеч далеле барои тардид дар ин надорем, ки Эрон содиқона хостори ҳалли ин масъала бар асоси эҳтиром ба муоҳидаи манъи густариш аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд