Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
“Моҳи нуру маърифат”. Табрикоти Рустами Эмомалӣ ба муносибати моҳи Рамазон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон сокинони кишварро табрик кард.
“Моҳи шарифи Рамазон моҳи нуру маърифат, сабру таҳаммул ва худшиносиву покизагии рӯҳу равон аст. Ин айёми муборак қалбҳоро ба ҳам наздик месозад, моро ба накӯкорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар раҳнамун месозад”, - зикр мешавад дар паёми табрикотии раиси шаҳри Душанбе.
Рустами Эмомалӣ таъкид мекунад, ки мардуми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллиро пос медоранд. Моҳи Рамазон беҳтарин фурсатест, ки ин арзишҳоро таҳким бахшида, ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлат саъю талош намоем.
“Бо орзуи амалӣ гардидани ниятҳои неку ормонҳои созанда, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бори дигар ба сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунарзиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори пурфайз ва сарбаландӣ таманно дорам”, - афзуда мешавад дар паёми табрикотии шаҳрдор.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд