3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
14.02.2026 15:48

Толибон наздик ба 400 гектар замин дар шаҳраки Султон Маҳмуди Ғазнавиро ба тасарруфи худ дароварданд

Вазорати адлияи гурӯҳи террористии Толибон эълон кардааст, ки 1730 ҷариб (наздики 400 гектар) замин дар шаҳраки Султон Маҳмуди Ғазнавиро дар вилояти Ғазнӣ ба тасарруфи худ даровардааст.

Баракатуллоҳ Расулӣ, сухангӯи ин вазорат, рӯзи шанбе, 14-уми феврал дар хабарномае иддао кардааст, ки ин шаҳрак бар асоси “ҳукми шаръӣ” маҳкамаи ихтисосии ин гурӯҳ ба даст омадааст.

Дар хабарнома омадааст, ки аз 1730 ҷариб замин, 915 ҷариби он таҳти тасарруфи “афрод ва ашхос” қарор доштааст.

Толибон пештар низ наздик ба ду ҳазор ҷариб (400 гектар) заминро дар шаҳраки Навободи Ғазнӣ ба тасарруфи худ дароварда буданд.

Толибон пас аз тасаллути муҷаддад бар Афғонистон, заминҳо ва шаҳракҳои зиёдеро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.