Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Муҳорибаи сол дар мусобиқаи сол. Ислом Махачев розӣ шуд
Чемпиони UFC дар вазни ниммиёна Ислом Махачев гуфт, ки барои муҳориба бо чемпиони вазни сабуки ташкилоти мазкур омода аст.
"Ташкили муҳориба бо Илия Топурия идеяи хуб аст, агар UFC бихоҳад, ман омода ҳастам, зеро медонам, ки алоқамандони ММА ин муҳорибаро дидан мехоҳанд", - гуфт чемпиони вазни ниммиёна.
Чемпиони вазни сабуки UFC Илия Топурия борҳо Ислом Махачевро ба муҳориба даъват карда буд, вале то ҳол аз ҷониби варзишгари доғистонӣ ҷавоби аниқ намешунид. Акнун, ки моҳи июн роҳбарияти UFC мусобиқаи калонтаринро дар таърихи ташкилот дар назди Кохи Сафед ташкил мекунанд, рақобати Махачев ва Топурия метавонад муҳорибаи сол шавад.
Ҳамчунин, Дана Уайт, роҳбари UFC моҳи ноябри соли 2025 пеш аз муҳорибаи Ислом Махачев гуфта буд, ки агар варзишгари доғистонӣ чемпион шавад, эҳтимол аст, ки муҳорибаи солро, яъне рақобати Махачев ва Топурияро ташкил кунем.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”