Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
ЮНИСЕФ аз кумаки ду миллион евроии Фаронса барои ҳимоят аз зилзилазадагони шарқи Афғонистон хабар дод
Сандуқи ҳимояти кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом карда, ки бо ҳамкории Созмони хӯрока ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) ва давлати Фаронса, барои ҳимоят аз хонаводаҳои осебдида аз заминларза дар шарқи Афғонистон иқдом мекунад.
Ин созмон рӯзи панҷшанбе, 12-уми феврал гузориш дода, ки ин барнома бо буҷаи ду миллион евраии Фаронса, таҳти барномаи “Ибтикори Фаронса барои амнияти хӯрока ва ғизо” иҷро мешавад ва ҳадафи он тақвияти тавлиди хӯрокаи хонаводаҳо, беҳбуди дастрасӣ ба ғизои солим ва коҳиши норасоии хӯрока аст.
ЮНИСЕФ гуфтааст, ки ин барнома беш аз 51 ҳазор тан дар вилоятҳои Кунар ва Нангарҳорро мустақиман фаро мегирад, ки бисёре аз ин хонаводаҳо дар заминларзаҳои соли 2025 осеб дида ва бо ноамнии ғизоӣ ва норасоии шадид рӯбарӯ ҳастанд.
Бар асоси гузориш, маркази иҷрои ин барнома бар минтақаҳои осебдидаи вилоятҳои Нангарҳор ва Кунар мебошад: ҷое ки хисорот ба дороиҳои тавлидии хонаводаҳо, тавоноии онҳоро барои таъмини ғизо коҳиш додааст.
ЮНИСЕФ ҳамчунин, гуфтааст, ки эҳтимол дорад таъсиргузории ин барнома ба таври ғайримустақим ба ҳудуди 190 ҳазор тани дигар низ бирасад, зеро тавлиди ғизо ва ироаи хадамоти зарурӣ дар саросари ин минтақаҳо тақвият хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд