Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
СММ: “Таҳрики толибони Покистон бузургтарин гурӯҳи террористии фаъол дар Афғонистон аст”
Рӯзномаи “Дон” бо истинод ба гузориши Созмони Милал навиштааст, ки Таҳрики толибони Покистон (гурӯҳи террористӣ, ТТП) бузургтарин гурӯҳи террористии фаъол дар Афғонистон аст.
Ин расона гузориш додааст, ки ТТП дар ҳоли табдил шудан ба як таҳдиди фароминтақавӣ аст.
Дар гузориши назоратии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки Таҳрики толибони Покистон аз бархӯрди тарҷеҳӣ дар Афғонистон бархӯрдор мебошанд.
Дар гузориш омадааст: “Дар Афғонистон, мақомоти ҳоким ба сурати амалӣ ҳамчунон муҳити мусоиде барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа Таҳрики толибони Покистон, фароҳам кардаанд”.
Дар ин гузориш, муқоисаи мустақиме миёни фазои амалиётии дарихтиёрдоштаи TTP ва дигар гурӯҳҳои террористӣ сурат гирифта ва ин тафовут ба вазъияти амниятии Покистон марбут дониста шудааст.
Тибқи гузориши рӯзномаи “Дон” аз миёни беш аз 3500 ҳамлаи террористии вобаста ба TTP дар соли гузашта, беш аз 2100 маврид дар нимаи дувуми сол сабт шудааст.
Гуфта мешавад TTP дар вилоятҳои шарқӣ ва ҷанубушарқии Афғонистон, аз ҷумла Кунар, Нангарҳор, Хуст, Пактико, аз ҷумла вулусволии Бармал, ва Пактиё ҳузури густарда дорад.
Бо ин ҳол, гурӯҳи террористии Толибон ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро пайваста инкор мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд