10 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:27, Душанбе
10.02.2026 13:36

Расман: дар кишвар моҳи Рамазон 19-уми феврал фаро мерасад

Имрӯз, 10-уми феврал ҷаласаи Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт ва дар асоси қарори қабулшуда дар кишвар моҳи мубораки Рамазон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал фаро мерасад.

Тибқи иттилои Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисоби закот 64000 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 1600 сомонӣ закот пардохт мешавад.

“Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ ба ҳисоби гандум ва 72 сомонӣ ба ҳисоби мавиз (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) ва фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид”, - омадааст дар хабарномаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

10.11.2026 14:07

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03

Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
10.11.2026 08:37

Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
10.11.2026 07:23

Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад

Федератсияи Русия барои содирот 100 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Баъди ин қарор ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дар соли 2026 ба 550 ҳазор тонна мерасад.
10.11.2026 06:17

Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.