Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Размкорони доғистонӣ дар паҳлӯи Трамп? Президенти Амрико роҳбари UFC-ро котиби матбуотӣ таъин кардан мехоҳад
Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ: Барфу борон ва тарма пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 10-ум то 14-уми феврали соли ҷорӣ бинобар сабаби воридшавии сиклонҳои пайдарпай дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ асосан борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар ноҳияҳои баландкӯҳӣ барф меборад. Дар ағбаҳо боришоти барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур нест.
"Дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ мушкилшавии ҳаракати нақлиёт дар назар буда, барфи бодовард, бадшавии дурии биниш пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабарномаи агентӣ.
Гуфта мешавад, ки аз 11-ум то 14-ум бинобар сабаби боришоти пайдарпай дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе–Чаноқ (километрҳои 48–74), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"