Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Амрикоиҳо бидонанд, агар дубора ҷангеро роҳ биандозанд он ҷанг минтақаӣ хоҳад буд”
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи Эрон таъкид кард: “Амрикоиҳо бидонанд, агар дубора ҷангеро роҳ биандозанд он ҷанг минтақаӣ хоҳад буд”.
Ба гузориши Ирна, Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар дидор бо ҳазорон нафар аз қишрҳои гуногуни мардум, бахшида ба даҳаи Фаҷри Эрон 12 баҳманро (31-уми январро) рӯзе истисноӣ ва таърихсоз хонд ва бо ишора ба табдил ёфтани ҳукумати “фардӣ, истибдодӣ, зиддидинӣ ва вобаста”-и Паҳлавӣ ба ҳукумати “мардумӣ, бар пояи дин ва истода дар муқобили зӯргӯии мустакбирон”, гуфт: “Мардум оташи фитнаи амрикоӣ-сиҳюнистии ахирро монанди ҳамаи тавтеаҳои қаблӣ ба хокистар нишонданд ва дар оянда ҳам миллат бо ҳидояти Парвардигор дар муқобили ҳар ҳодисае корро тамом хоҳад кард”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин, талоши Амрико барои фурӯ бурдани Эрон ва истодагии миллати далер дар муқобили ин тамаъварзиро иллати асосии тақобули 47-солаи Эрон ва Амрико баршумурд ва бо ишора ба суханони ахири амрикоиҳо афзуд: “Онҳо қаблан ҳам барои тарсонидани миллати Эрон мегуфтанд “ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст” ва албатта бидонанд, ки агар ин бор ҷангеро роҳандозӣ кунанд, он “ҷанги минтақаӣ” хоҳад шуд”.
Ӯ вобаста ба бозгардондани кишвар ба соҳибонаш, яъне миллат ва қатъи дасти Амрико ва нуфузи он аз Эронро хусусияти дигари низоми Ҷумҳурии Исломӣ донист ва гуфт: “Ин хусусият Амрикоро нороҳат кард ва аз ҳамон рӯз ба душманӣ бо миллат ва низом кашонд”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии пешрафтҳои кишвар дар заминаҳои гуногун афзуд: “Кӣ бовар мекард миллати Эрон рӯзе ба ҷое бирасад, ки амрикоиҳо аз силоҳи сохти ӯ нусхабардорӣ кунанд? Ин ҳама натиҷаи эътимод ба нафс ва умед ва баландпарвозие буд, ки Имом Хумайнӣ ба унвони “мазҳари умед ва худбоварӣ” дар миллат эҷод кард ва мардумро ба талош ва ҳаракат водошт”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ташреҳи хусусиятҳои фитнаи амрикоии ахир, аввалин вижагии онро пинҳон шудани ошӯбгарон пушти эътирозоти бозориён донист ва гуфт: “Фитнагарон монанди ҷинояткороне, ки дар ҳамла ба шаҳрҳо занону кӯдаконро сипари худ мекунанд, пушти бозориёне, ки сухани мантиқӣ ва дурусте доштанд ва ба кӯча омада буданд, пинҳон шуданд, то шинохта нашаванд”.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар суханронии худ дар ин бора афзуд: “Албатта бозориёни боҳуш бо дидани иқдомоти ошӯбгарон, аз ҷумла ҳамла ба калантариҳо ба ҷои ҳаракати ором дар кӯча, худро аз онҳо ҷудо карданд ва фитнагаронро танҳо гузоштанд.
Ӯ дувумин хусусияти ин ҳодисаи ахирро нимакудетоӣ будани он хонд ва гуфт: “Ин фитна ҳамон гуна ки бархе дар ҷаҳон ҳам ба он ишора карданд, шабеҳи кудето буд. Албатта саркӯб шуд, аммо тахриби марказҳои ҳассос ва муассир дар идораи кишвар тавассути ҳамла ба полис, марказҳои Сипоҳ, баъзе аз марказҳои давлатӣ ва бонкҳо ва ҳамла ба унсурҳои маънавӣ, аз ҷумла масҷидҳо ва Қуръон, нишондиҳандаи ин воқеият аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд