Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Бунёди 214 мактаб ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда дар соли гузашта
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расида, дар муқоиса ба соли 2024-ум 38 муассиса зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.
Сарвазири кишвар иброз дошт, ки соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ташкили низоми рақамии фарогир дар кишвар дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири рақамӣ, инчунин, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати педагогикаи рақамӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси васеи Ҳукумат ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки механизми арзёбии сифати таҳсилотро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад