Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Бо 310 метр дарозӣ ва 26 метр паҳноӣ. Дар Хуҷанд пули нав месозанд
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки миёни микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи Раззоқ шаҳри Хуҷанд пул сохта мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, пул аз маҳаллаи 12-ум то маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад.
“Дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя хоҳанд шуд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд, пули куҳнаи шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша паҳноии пули куҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи автомобилгард фарохтар карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”