«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони фаъол
14-уми январ маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 баргузор гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба ду хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ супорида карда шуд.
“Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд”, - зикр мегардад дар иттилоияи вазорат.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо мақсади қадрдонии заҳмати омӯзгорон 20 омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 21 омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад