Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба сари Фараҳноз Шарафова пул пошид. Парвандаи маъмурӣ пас аз тӯй
Тавре ки Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини шаҳри Душанбе Сафаров Джамшед, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ҳусейнзода 10, а дар хонаи истиқоматии худ дар маросими тӯйи арусии духтараш ба сари сароянда Фараҳноз Шарафова пул пошидааст, ки ин кирдори номбурда хилофи талаботи қисми 3 моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад.
Гуфта мешавад, ки тибқи қисми 3 моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон"Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"дар ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.
Дар ин маврид хабаргузории" Азия-Плюс" хабар дод, ки вобаста ба ин ҳолат алайҳи Ҷамшед Сафаров барои “пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо” (моддаи 481-и қисми 1 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ 780 сомонӣ (10 нишондиҳанда) ҷарима пешбинӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд