31 Октябр 2026,
шанбе, 07:39, Душанбе
12.01.2026 08:23

Қонун ба омӯзгорон имконоти бешумор медиҳад. Оё мушкилоти мавҷуда ҳал мегарданд?

Дар ҷомеаи мо омӯзгорон мушкилоти зиёд доранд, вале боиси хушнудист, ки сол аз сол соҳаи маориф дар кишвар рушд карда, пешравиҳои назаррас ба амал омада истодаанд. Масалан, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ сол қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.

Дар ин росто, тибқи супориши Президенти кишвар аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз ва дигар омӯзгорон 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дар ҳошияи ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба намояндагони ин касби пуршараф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” 17-уми декабр аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид, ки қонуни мазкур мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд.

Дар матлаби зер кӯшиш мекунем доир ба нуктаҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” бигӯем.

ТАЪХИРИ ХИЗМАТ ВА КОР ПАС АЗ НАФАҚА

То имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддие, ки омӯзгорони ҷавон доштанд, ин дар вақти фаъолияти омӯзгорӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданашон буд. Ин масъала ҳалталаб буд ва инак, мувофиқи банди 11-и моддаи 5-и қонуни мазкур омӯзгорон ҳуқуқ доранд, ки дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузоранд.

Маҳз ин банди қонун метавонад ба дилгармии бештари ҷавонон ба кори омӯзгорӣ сабаб гардад.

Мушкили дигари омӯзгорон, ки гоҳ-гоҳ мушоҳида мешуд, он буд, ки ҳангоми ба синни нафақа расидан, ҷумлаи "ҷойро холӣ кунед" ба гӯш мерасид. Ин мушкил аҳён-аҳён ба назар мерасид, вале буд. Акнун хушбахтона, масъала ҳал шуд ва дигар касе ба омӯзгорони пуртаҷриба ва хизматкарда чизе гуфта наметавонад. Тибқи банди 17-и моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" омӯзгор ҳангоми расидан ба синни нафақа дар сурати хоҳиш доштан фаъолияташро идома медиҳад. Яъне ин ҷо фаъолияти минбаъдаи омӯзгор дар муассисаи таълимӣ ба ҷойи кор будан ё набудан, ва ё аз касе вобаста нест, балки агар хоҳиш дошта бошад, кор мекунад.

Ин банди қонун на танҳо барои омӯзгорони нафақагир, балки барои тамоми ҷомеа муфид аст, зеро насли наврас аз донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии омӯзгорони соҳибному соҳибмактаб солҳои зиёд баҳраманд мегарданд.

ТАНҲО КОРИ ОМӮЗГОРӢ!

Пӯшида нест, ки омӯзгорон дар баробари таълим додан, дар муассисаҳо вазифаҳои нонавиштаро низ иҷро мекарданд. Масалан, ҷамъоварии пули билети театр, ки ба кавле ҳам дарс вайрон мешуду ҳам асаби омӯзгор хароб. Ё пули обунаи нашрияҳоро бо сабаби надоштан ё наовардани хонандагон ҷамъоварӣ карда наметавонист. Боиси хушнудист, ки дар қонуни қабулшуда ин мушкилот ҳалли худро ёфтаанд. Нигоҳ мекунем ба банди 9-и моддаи 6, ки чунин омадааст: “Аз таълимгиранда барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обуна ба нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ маблағ талаб накунад".

Ин бисёр қадами муҳим ва осонкунандаи кори омӯзгорон аст. Яъне дигар омӯзгор дар синфхона дар бобати ҷамъ кардани пули фалон чиз бо хонандагон суҳбат намекунад ва ҳама фикру қувваашро ба дарс, ба таълиму тарбия додан сарф менамояд.

Илова бар ин, дар банди 2-и моддаи 11 омадааст, ки мақомоти давлатӣ “Омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ, ҷалб накунанд".

Яъне дигар омӯзгор барои пули либоси мактабӣ дар ташвиш нест, ба корҳои деҳқонӣ, ки одатан дар ҳолатҳои гуногун омӯзгорони деҳот ҷалб мешуданд, намеравад ва танҳо кори омӯзгориашро мекунаду халос. Ин бисёр иқдоми муҳим ва манфиатовар аст.

ЗАМИН, ХОНА ВА АНДОЗ

Масъалаи ба замин таъмин кардани омӯзгорони деҳот солҳои зиёд аст, ки расонаӣ мегардад. Хабарҳое ҳам нашр шуданд, ки ба бархе омӯзгорон барои сохтмони хонаи истиқоматӣ дар ноҳияҳо замин ҷудо шудааст.

Дар ин росто, дар банди 4-и моддаи 8-и қонуни мазкур омадааст: “Давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ карда, барои ба онҳо бе навбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораандешӣ намоянд".

Умед мебандем, ки масъалаи таъмини омӯзгорон ба замин, ба хона ва ё ба иҷораи манзили мувофиқ ба таври бояду шояд ҳал мегардад. Зеро вақте ки омӯзгор фикри бехонагӣ ё пули иҷораро накунад, албатта, корашро дар сатҳи баланд иҷро мекунад. Мушкилоти моливу иҷтимоии омӯзгорон ҳал гардад, ба фоидаи давлату ҷомеа аст, чунки фарзандонамон дар сатҳи дигар таълиму тарбия мегиранд.

Ҳамчунин, дар банди 5-и моддаи 8 гуфта шудааст, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд, ки ин ҳам ғамхорӣ ба намояндагони ин касби пуршараф аст.

ҚАДРДОНӢ Ё ПОДОШИ ЗАҲМАТ

Ҳоло дар кишвар се озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва  «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ташкил шудааст ва ҳамасола дар баробари иштирокчиён, омӯзгорони ғолибон низ бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Дар масъалаи қадрдонии омӯзгорон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" зикр мегардад, ки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.

Агар болотар дар мавриди ҳалли мушкили иҷтимоии омӯзгор гуфта бошем, пас ин банди қонун барои беҳбудии шароити иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад, ки албатта, барои бештар кор кардан таҳрике мегардад.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Ман омӯзгор нестам, вале аз мушкилоту саргардониҳояшон то андозае бохабарам. Мо бо қабули қонун қадами бузург барои рушди соҳа, дилгармии омӯзгорон ва подоши заҳмати онҳо гузоштем. Бисёр хуб шуд, ки мо қабул кардем, ки омӯзгорон аз дарс берун мушкилоти зиёд доранд ва онҳоро дар сатҳи қонун ҳал мекунем.

Пас аз шинос шудан бо матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" ба боварӣ метавонам бигӯям, ки ин қонун ба ҳама дардҳои омӯзгорон малҳам мегардад ва кори онҳоро бамаротиб босифат мекунад. Ва аз ҳама муҳим, умедворем, ки масъалаи норасоии кадрӣ низ ҳал мегардад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ 

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.