Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
“Бишунав” – қиссаи вафодорӣ аз Ҷонибек Муродов
Ҷонибек Муродов, сарояндаи маъруфи тоҷик суруди навашро бо номи “Бишунав” дар саҳифаи ютубиаш “JM Company” нашр кард.
Суруди мазкур наздики чор дақиқа буда, оҳангсоз Ҷасур Бадалбаев буда, муаллифи тарона Эҳсон Аъзамиён мебошад.
Суруди “Бишунав” қиссаи вафодории ду дилдода аст, ки новобаста аз мушкилот ва бархе нофаҳмиҳо аз ҳам ҷудо шудан намехоҳанд. Яъне, ба ҳамдигар аз дӯстдорӣ ва меҳру вафа қисса мекунанд ва ба якдигар ҳушдор меҳиданд, ки муҳаббати беолоишро сарфи назар накунанд.
Дар намоҳанг дида мешавад, ки дилдодаҳо аз ҳам дур шудан мехоҳанд, вале дар охир, чун аз забони сароянда қиссаи вафову муҳаббат гуфта мешавад, боз паҳлӯи ҳам меоянд ва фосилаҳоро мешикананд.
Бояд махсус таъкид кард, ки интихоби матну оҳанг бисёр хуб аст, зеро дар онҳо танҳо муҳаббати воқеӣ ва тарғиби дӯстдориву вафодорист. Суруд ошиқист ва оҳанги иҷтимоӣ дорад. Ба шунаванда аз дӯстдориву эҳтиром мегӯяд. Намоҳанг ҳам дилчасп ва созгор омадааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж