Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
The Wall Street Journal: Трамп дар ҳоли баррасии соҳибият ба ширкати давлатии нафти Венесуэла аст
“Вол стрит журнал” (The Wall Street Journal) хабар дод, ки президенти ИМА Доналд Трамп ва мушовирони ӯ нақшаеро барои “таъмини назорат” бар ширкати давлатии нафти Венесуэла (PDVSA) таҳия мекунанд. Ҳадафи ин нақша дар солҳои оянда ҳукмронӣ бар саноати нафти Венесуэла ва коҳиш додани нархи нафт то 50 доллар барои як баррел гуфта мешавад.
Тибқи гузориши “Wall Street Journal” ва дигар расонаҳои бонуфузи дунё ин нақша харид ва фурӯши қисми зиёди истеҳсоли нафти PDVSA аз ҷониби Доналд Трамп ва ёваронашро дар бар мегирад.
Бино ба гузориш, Трамп ба мушовирони худ изҳор доштааст, ки чунин иқдом метавонад ба поин рафтани нархи нафт то сатҳи дилхоҳи ӯ - 50 доллар барои як баррел мусоидат намояд. Илова бар ин, ҳадафи асосии Вашингтон дар солҳои оянда ба даст гирифтани назорат бар саноати нафти Венесуэла арзёбӣ мешавад.
Трамп рӯзи сешанбеи гузашта иддао кард, ки мақомоти Венесуэла аз 30 то 50 миллион баррел нафтро барои фурӯш бо нархҳои бозорӣ ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин фурӯш бо нархҳои бозорӣ анҷом шуда, даромадаш дар ИМА боқӣ мемонад, то “барои манфиати мардуми Венесуэла ва Иёлоти Муттаҳида истифода шавад”.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши “Рейтерз” ширкати давлатии нафти Венесуэла низ эълон кардааст, ки дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳида барои фурӯши нафт пешрафт ба даст овардааст.
Рӯзномаи “Ню-Йорк таймс” (The New York Times) низ навиштааст, ки маъмурияти Трамп талоши густурдаеро барои ба даст овардани саноати нафти чандмиллиарддолларии Венесуэла оғоз кардааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе ду танкери марбут ба Венесуэла мусодира шуданд, ки яке аз онҳо бо парчами Русия ҳаракат мекард.
Мусодираи танкери бо парчами Русия дар Атлантикаи Шимолӣ, байни Шотландия ва Исландия, чанд рӯз пас аз ҳамлаи низомии ИМА ба Венесуэла сурат гирифт: ҳамлае, ки ба рабуда шудани президенти ин кишвар Николас Мадуро анҷомид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”