«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
26 миллиону 420 ҳазор сомонӣ. Амри Президенти кишвар барои баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ содир шуд
1-уми январ Амрҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор кардани се озмуни ҷумҳуриявӣ - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар соли 2026 содир шуданд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар умум, 26 миллиону 420 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад.
Ҳамин тавр, барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳашт миллиону дусаду навад ҳазор сомонӣ, барои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор сомонӣ ва барои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад