Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Яке аз парчамбардорони футболи тоҷик даргузашт
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик, мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров пас аз бемории вазнин дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
"Номи ӯ дар таърихи варзиши тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ӯ мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон оид ба футбол буд. Назаров аз маъмурӣ сар карда, то ба вазифаи сармураббӣ кор намудааст. Ӯ бо бисёр мураббиёне, ки дар муваффақияти дастаи "Помир"-и Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, фаъолият кардааст", - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки таҳти роҳбарии Шариф Назаров «Помир»-и Душанбе соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии ИҶШС роҳ ёфтааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчун мураббӣ Шариф Назаров ҷоизаҳои зиёдеро ба даст овард. Ӯ қаҳрамони чандинкарата ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Ба ҳайси мураббии тими миллии Тоҷикистон ӯ Ҷоми даъвати КФО-2006-ро соҳиб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”