«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Маълум шуд, ки таътили зимистонаи хонандагон чанд рӯз давом меёбад
Аз 1-ум то 7-уми январи соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона мешавад.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31-уми декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
Гуфта мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад: таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1-ум то 7-уми ноябр), таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1-ум то 7-уми январ), таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25-ум то 29-уми март) ва таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31-уми август идома меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад