«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
"Қаноатбахш". Боздиди муовини вазири маориф аз Мактаби Президентӣ ва гимназия "Кафолат"
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни раванди таълиму тарбия, сифати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон ва шароити моддию техникӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода аз Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” ва муассисаи таълимии хусусии “Кафолат” дар шаҳри Душанбе дидан намуд.
Гуфта мешавад, ки зимни боздид омодагии омӯзгорону хонандагон ва ҷамъбасти чоряки 2 ва нимсолаи 1, ҳозиршавии хонандагон ба дарсҳо, риояи сару либоси талабагӣ, таъминоти кадрӣ ва аз худ намудани барномаҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
"Ҳамчунин, аз ҷониби муовини вазир фаъолияти муассисаҳои таълимии мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баробари доштани дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъоланаи хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва“Тоҷикистон – Ватани азизи ман” таъкидҳо сурат гирифт", - зикр мегардад дар иттилоияи маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Манбаъ меафзояд, ки муовини вазир ҷиҳати омузиши забонҳои русию англисӣ, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва дар руҳияи эҷодкорию навоварӣ тарбият намудани хонандагон дастуру супоришҳои мушахас дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад