Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Хона ва ҷойи кори доимӣ. Ба модари Қобилҷон Алиев кумак карданд
Ба Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, ки 16-уми декабр дар Рӯсия кушта шуда буд, хонаи истиқоматӣ доданд.
Хабари тақдими хонаро ба модари навраси кушташуда пайвандонаш ба хабаргузории “Азия-Плюс” тасдиқ кардаанд, вале ҷузъиёти бештар надодаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло барои кумак расонидан суратҳисобе амал намекунад ва мардум набояд ба ҳар рақаму корт пул гузаронанд.
Дертар аз ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилое нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад ба Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хона тақдим шудааст.
Зикр мегардад, ки ба ин оила аз маркази пойтахт хонаи дуҳуҷрадор бо тамоми шароит туҳфа гардидааст.
Ҳамчунин, соҳибкори ватанӣ Умар Алиматов модари Қобилҷон Алиевро ба ҷойи кори доимӣ ва маоши баробар ба 1000 доллари амрикоӣ таъмин кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд