Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Барои пешгирии болоравии нархи маводи озуқа. Намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар Душанбе
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт ва инчунин, пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал оғоз гардид.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои “Саховат”, “Меҳргон”, таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи “Куруши Кабир” бо нархҳои дастрас ташкил гардидаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки намоишҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ доир мегарданд.
Гуфта мешавад, ки намоишҳо то 31-уми декабр идома меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”