Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
59 гол дар як сол. Мбаппе рекорди Роналдуро дар бошгоҳи шоҳона такрор кард
21-уми декабр бошгоҳи “Реал Мадрид” охирин бозии худро дар соли 2025 доир кард. Рақиби дастаи шоҳона дар даври 17-уми Ла Лигаи Испания бошгоҳи Севиля буд.
Бозии мазкур бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи бошгоҳи “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Голҳоро Ҷуд Беллингем ва Килиан Мбаппе ба самар расонданд.
Ҷолибияти бозии мазкур дар он буд, ки футболбози фаронсавӣ Килиан Мбаппе дар дидори мазкур 59-умин голашро дар соли 2025 ба самар расонд. Соли 2013 Криштиану Роналду дар ҳайати дастаи шоҳона дар як соли тақвимӣ 59 гол зада буд ва Килиан Мбаппе низ ин рекордро такрор намуд.
Ӯ пас аз бозӣ фикрашро чунин баён кард:
“Шоми бисёр хотирмон буд бароям, зеро тавонистам, ки дар як соли тақвимӣ баробари Криштиану Роналду гол бизанам. Роналду бароям идеал дар футбол аст ва ман ба чунин рӯз, яъне ба рекорди ӯ расиданро орзу доштам”.
Ёдовар мешавем, ки Килиан Мбаппе голи 59-умашро бо усули хоси Криштиану Роналду ҷашн гирифт ва ин ишора ба такрори рекорди футболбози португалӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”