Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Вохӯрӣ ва гуфтугӯи Президенти кишвар бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷопон бо як гуруҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд.
Ба навиштаи хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Роҳбари давлат аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди мунтазами соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба туфайли талошҳои пайвастаи Ҳукумат, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маънавиёт аз рушду таҳаввулоти ҷиддӣ бархурдор гардидааст.
Зикр гардид, ки барои истифодаи пурсамари ҳамаи имкониятҳо барои кишвар мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун лозиманд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад