Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Душанбе: Ифтитоҳи «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»
Бинобар иттилои АМИТ “Ховар”, дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар маросими ифтитоҳ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуда, нахуст намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва инноватсионии соҳаи кишоварзии мамлакат пешниҳод гардид.
“Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки ифтитоҳи Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ оғози марҳилаи нави технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Тавассути сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ҳадафи он навсозии пурраи иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум таввасути технологияи муосир мебошад”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Афзуда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2040” иқтисоди рақамиро фаъолона пеш бурда, ба рақамикунони хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтор, амалӣ намудани зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Зикр мегардад, ки маркази мазкур тавассути Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”