Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Дар ҷойи номуайян савдо мекарданд”. Бартарафи 24 нуқтаи савдо дар пойтахт
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз бартараф кардани 24 нуқтаи савдо, ки дар ҷойи номуайян ҷойгир карда шуда буданд, хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки як гурӯҳ шаҳрвандон дар роҳрави пиёдагардон ва даромадгоҳи бозори «Сафариён», воқеъ дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоеви пойтхат макони савдо ташкил карда, дар баробари вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ, ҳамзамон ба шаҳрвандон барои ворид гаштан ба бозор монеа эҷод кардаанд.
Вобаста ба ин, милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар маконҳои муайяншуда ва бо риоя намудани қоидаҳои санитарӣ ба фурӯши маҳсулоти хурокворӣ машғул шуда, нисбат ба саломатии шаҳрвандон ва талаботи қонунгузорӣ бетафовут набошанд.
Ҳамчунин, дар хабарномаи мазкур таъкид мегардад, ки дар макони номуайяншуда ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хурокворӣ, метавонад ба саломатии истеъмолкунандагон таъсири манфӣ расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”