Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Размкорони доғистонӣ дар паҳлӯи Трамп? Президенти Амрико роҳбари UFC-ро котиби матбуотӣ таъин кардан мехоҳад
Профессор Алиризо Озмандиён ба Душанбе меояд
Дар шаҳри Душанбе баргузории як бизнес-тренинги муҳимми байналмилалӣ бо ҷалби сухангӯи маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ – Алиризо Озмандиён дар назар аст. Ӯ яке аз шогирдони сухангӯйи машҳури ҷаҳонӣ Ҷим Рон буда, ба зудӣ бо мақсади баргузории тренинги омӯзишӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тибқи иттилои Маркази “Хирад”, ки ташаббускор ва масъули баргузории ин чорабинӣ мебошад, барномаи омӯзишии мазкур таҳти унвони «Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият» баргузор мегардад. Тибқи иттилои Маркази “Хирад” ба Диалог барномаи мазкур ҳамчун як платформаи муосир ва ҳамаҷониба барои рушди шахсӣ ва соҳибкорӣ баргузор карда мешавад. Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо моделҳои пешрафтаи рушди тиҷорат, усулҳои ташаккули тафаккури молиявӣ, стратегияи рушди шахсӣ, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва дигар мавзуъҳои калидӣ ошно хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, Маркази “Хирад”, ки солҳо боз дар самти тарҷума, нашр ва тарғиби китобҳои серхонанда ва илҳомбахши ҷаҳонӣ фаъолият мекунад, бо ҳадафи густариши фарҳанги худомӯзӣ, рушди тафаккури муосир ва такмили шахсият ин навбат тасмим гирифтааст, то як сухангӯйи сатҳи ҷаҳониро ба Тоҷикистон даъват намояд.
Гуфта мешавад, ки ин бизнес-тренинг 18-уми январи соли 2026 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад. Чиптаҳои иштирок дар чорабинӣ аллакай тавассути сомонаи www.ticketon.tj ба фурӯш гузошта шудаанд. Тренинг пеш аз ҳама барои соҳибкорон, менеҷерон, роҳбарони ташкилоту ширкатҳо ва инчунин, барои ҳар шахсе, ки ба рушди шахсӣ, худтакмилдиҳӣ ва комёбии касбӣ таваҷҷуҳ дорад, тавсия дода мешавад.
Бояд зикр кард, ки Алиризо Озмандиён ҳамчун бунёдгузори консепсияи “Технологияи фикр” дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда, беш аз 30 сол аст, дар кишварҳои гуногун вобаста ба мавзуъҳои рушди шахсият, тиҷорат, идоракунӣ, роҳбарӣ, ангезиш (мотиватсия), худтакмилдиҳӣ ва тақвияти боварӣ ба худ суханронӣ ва омӯзиш мегузаронад.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории ин бизнес-тренинг як қатор чорабиниҳои иловагӣ низ дар назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, намоиши маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ, мулоқоти вижаи Алиризо Озмандиён бо соҳибкорон, инчунин, тақдими китобҳои муаллиф бо соядасти ӯ ба иштирокчиён ба нақша гирифта шудааст.
Ин чорабинӣ метавонад як фурсати нодир барои соҳибкорон ва ҷавонони фаъол ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, густариши ҷаҳонбинӣ ва таҳкими малакаҳои касбӣ арзёбӣ гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"