Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад
Дар орзуи медали Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ. Формулаи муваффақияти Жасмин Розиқова
Жасмин Розиқова тӯли фаъолияти варзишиаш дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Чемпионати Осиё (U20) дар шаҳри Дубай, Мусобиқаи BRICS дар Қазон, Мусобиқаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Урумчии Чин - ҷойи 2-юм, Чемпионати Осиё дар Қазоқистон - ҷойи 2-юм, Иштирокчии чандкаратаи мусобиқаҳо дар Тошканд ва қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, моҳи январи соли оянда дар Мусобиқаи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Чин Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.
Dialog.tj бо Жасмин Розиқова дар бобати дастовардҳо ва умуман роҳи мушкили варзиш суҳбат кард.
ФАСЛИ ЯКУМ:
ЯК КӮДАКИ ХУШБАХТ
- Тавре медонем, шумо аз 9-солагӣ ба варзиши сабук машғулед, чаро маҳз ин соҳаро интихоб кардед?
- Аз хурдӣ ман хеле чаққону серҳаракат будам. Мураббиён лаёқату истеъдоди маро дида, ба ман ёри расонданд ва варзиш як қисми муҳимми ҳаётам гардид. Аз 9-солагӣ дар варзиши касбӣ ҳастам ва аввалин устодам Улмас Воҳидович мебошад. Ҳоло бо роҳнамоии Ғайрат Ҳаётович тамрин мекунам.
- Онҳое, ки аз хурди ба варзиш машғул мешаванд, кӯдакиашонро ба ҷойи бозӣ ба варзиш мебахшанд. Яъне мегӯянд "кӯдакӣ надоштем". Оё ба ин фикр розиед?
- Бо вуҷуди он ки вақти зиёди ман ба варзиш, махсусан ба тамринҳо ва омодагиҳо сарф мешуд, вале метавонам бигӯям, ки кӯдакии аҷибу шавқовар низ доштам. Варзиш аз ман кӯдакиро нагирифт, балки онро хушу шавқовар кард, зеро маҳз ин пеша саёҳатҳои бешумор, дӯстони зиёд ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда ҳадя кард. Хуллас, як кӯдаки хушбахт будам.
- Агар бори дигар 9-сола шавед, боз варзиши сабукро интихоб мекунед ё не?
- Аз роҳи интихобкардаам розиам ва агар вақт ба қафо баргардад, боз ҳамин роҳро интихоб мекунам. Маҳз бо шарофати варзиш ман дар ҳаёт танбал нашудам ва ҳамеша рисолати бардӯшдоштаамро ба хубӣ иҷро намудам. Литсейи президентиро бо дипломи аъло хатм кардам, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон шудам, иштирокчӣ ва ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидам. Ҳоло бошад, дар баробари таҳсил дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ҳамчун довари футбол фаъолият мекунам. Фикр мекунам, агар ба варзиш машғул намешудам, шояд ба ин муваффақиятҳо намерасидам.
- Дар чанд мусоҳибаатон гуфтаед, ки барои муваффақ шудан дар варзиш модаратон саҳми зиёд доранд. Мехостем бидонем, ки барои муваффақ шудани шумо падаратон чӣ гуна шуморо дастгирӣ кардаанд?
- Дуруст аст, ки модарам ҳамеша дар паҳлӯям ҳастанд, аммо бояд бигӯям, ки кумаку дастгирии падарам низ дар тай кардани ин роҳи ноҳамвор хеле назаррас аст. Ҷумлаи "Ту метавонӣ"-и падарам бароям роҳнамо аст. Маҳз боварӣ ва дастгирии волидонам маро то ин рӯз расонид.
ФАСЛИ ДУЮМ:
МЕДАЛИ МАХСУС
- Барои дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардан чӣ гуна интихоб мешавед?
- Барои роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бояд натиҷаҳои баланд нишон дод ва ба меъёрҳои муайян мувофиқат кард. Омодагӣ низ кори душвор аст ва моҳҳо заҳмати сангинро талаб мекунад. Бо шарофати дастгирии наздикон ва роҳнамоии мураббӣ ман кӯшиш мекунам, ки дар мусобиқаҳо иштирок намоям ва парчами кишварамонро боло бардорам.
- Тӯли фаъолияти варзишиатон ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаед. Оё дар миёни онҳо ҷоизае ҳаст, ки бароятон арзиши бештар дошта бошад?
- Бале, чунин ҷоиза дорам. Аввалин медал аз мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон ба даст овардам, бароям арзиши махсус дорад. Маҳз ҳамон вақт эҳсос кардам, ки барои баланд бардоштани парчами кишвар дар майдонҳои ҷаҳонӣ рақобат карда метавонам.
- Вақте ки ба гарданатон медал меовезанд, кадом эҳсос шуморо фаро мегирад?
- Вақте ки медалро ба гарданам меовезанд, тамоми роҳи тайкардаам пеши назарам меояд. Дарк мекунам, ки заҳматҳои кашидаам беҳуда набудаанд. Ин ифтихор ва хушбахтӣ аст.
- Чун шумо аз 9-солагӣ ба варзиш машғулед, бигӯед, ки бо гузашти солҳо ин кор ба шумо осонтар шуда истодааст ё вазнинтар?
- Дар кӯдакӣ ҳама чиз осонтар буд, ҳоло бошад сатҳ баланд ва ҳадафҳо ҷиддӣ шудаанд. Сол то сол таҷриба меафзояд ва масъулият зиёд мешавад.
- Ҳамчун варзишгар кадом ҷоизаҳоеро ба даст овардан мехоҳед, ки то ҳол ба даст наовардаед?
- Ман орзуи ба даст овардани медали Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпиро дорам. Барои ин ҳар рӯз машқ мекунам ва ҳатман ба ҳадафи худ мерасам.
ФАСЛИ СЕЮМ:
ДОНИШҶӮИ ФАЪОЛ ВА НАҚШИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ
- Дар баробари варзишгар будан, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунед. Бигӯед, ки дар кадом соҳа таҳсил доред ва дар оянда аз рӯи ихтисос кор кардан мехоҳед?
- Дар факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда истодаам. Дар оянда мехоҳам таҳсилро бо фаъолияти варзишӣ ҳамоҳанг созам, яъне дар сохторҳои варзишӣ кор кунам.
- Мебинем, ки дар донишгоҳ аз зумраи донишҷӯёни фаъол ҳастед ва сипосномаву ифтихорномаҳоятонро дар Инстаграм мегузоред. Бигӯед, ки ҳам таҳсил ва ҳам варзиш мушкил нест?
- Душвор аст, аммо имконпазир. Ҳарчанд кор зиёд бошад, ҳамон қадар инсон боинтизом мешавад, ки албатта, ин хуб аст. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳам вазифаи донишҷӯӣ ва ҳам рисолати варзишгариамро иҷро намоям.
- Китобхонӣ, дар дарсҳо иштирок кардан ва умуман савод омӯхтан ба варзишгар чӣ қадар муҳим аст ва оё ба шумо кумак мекунад?
- Варзишгар бояд босавод бошад. Зеро варзиш танҳо кори ҷисм нест, онро бо савод ва ҷаҳонбинӣ метавон самаранок кард.
- Дар Инстаграм саҳифаатонро хеле хуб пеш мебаред, оё худро блогер меҳисобед?
- Ҳанӯз худро блогери касбӣ намешуморам, аммо кӯшиш мекунам, ки аз ҳаёту муваффаеқиятҳоям ба аудиторияам хабар диҳам. Ба ин васила мехоҳам тарғибгари зебоӣ, варзиш ва худсозӣ бошам.
- Дар Инстаграм сурату наворҳои зиёд мемонед ва духтароне ҳастанд, ки шуморо дида ангеза мегиранд. Оё аз шумо дар бораи чӣ гуна муваффақ шудан мепурсанд?
- Бале, хеле зиёд мепурсанд. Обуначиёнам бештар дар бораи тамринҳо, ғизои солим ва ғайраҳо мепурсанд. Дар навбати худ аз дастам ҳар коре ояд мекунам, зеро мехоҳам ҳама наврасону ҷавононамон дар роҳи худсозӣ бошанд.
- Дар зери сурату видеоҳои шумо суханҳои бад менависанд?
- Фазои маҷозӣ бе сухани бад намешавад, аммо тавре мебинам, дастгириву суханҳои нек хеле зиёданд ва ман бештар ба онҳо аҳамият медиҳам.
- Шумо духтари фаъолед оё фаъолу муваффақ будан ягон формулаи осон дорад?
- Формулаи ҳаёти ман душвор нест. Заҳмати ҳаррӯза, боварӣ ба худ ва сабру интизом. Аз рӯи ҳамин формулаи осону сода амал мекунам ва боварӣ дорам, ки ба ҳама мақсадҳоям мерасам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд