Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Реал Мадрид” боз бохт, сармураббиро иваз мекунанд?
Шоми гузашта бошгоҳи “Реал Мадрид” дар доираи мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Аврупо бо дастаи “Манчестер Сити” рақобат кард.
Ҳарчанд бозӣ дар майдони дастаи шоҳона буду коршиносон ба ғолибияти ин даста боварӣ доштанд, вале “Манчестер Сити” бо ҳисоби 1:2 ғолиб омад.
Футболбозони дастаи “Реал Мадрид” хеле хуб бозӣ карданд, вале имконоти зиёди голзаниро аз даст доданд. Бояд гуфт, ки дар дидори мазкур голзани асосии дастаи шоҳона Килиан Мбаппе бо сабаби ҷароҳат доштанаш иштирок накард.
Бошгоҳи машҳури “Реал Мадрид” дар ҳашт бозии охир танҳо ду ғалаба дорад ва ин барои маъмурият ва мухлисони бошгоҳи шоҳона хеле нигаронкунанда аст.
Ҳамчунин, чанд рӯз қабл сомонаҳо иттилое нашр карданд, ки агар бошгоҳи “Реал Мадрид” аз “Манчестер Сити” шикаст бихурад, бо эътимоли зиёд сармураббии даста Хаби Алонсо аз мақомаш барканор мегардад, вале ин хел нашуд. Баръакс, ҳама футболбозони даста сармураббиро дастгирӣ карданд ва гуфтанд, ки нақшаҳои ӯ барои бошгоҳ лоиқи дастгирианд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”