31 Октябр 2026,
шанбе, 07:41, Душанбе
10.12.2025 17:38

Нависанда ва табиби оянда. Чӣ гуна Фариса Холиқова Шоҳҷоизаи бузургтарин озмуни китобхонии кишварро соҳиб шуд?

Чанд рӯз пеш Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуда, ғолибони ин озмуни бошукуҳи китобхонӣ қадрдонӣ гардиданд. Имсол Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и МТМУ рақами 50-и ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори Шоҳҷоиза шуд.

Dialog.tj бо Фариса Холиқова доир ба паҳлуҳои гуногуни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва пайраҳаи тайкардааш суҳбат намуд, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Нахуст, сазовор шуданатонро ба Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» табрик мегӯем. Бигӯед, ки рақобат барои ба даст овардани Шоҳҷоиза чӣ гуна гузашт, оё боварӣ доштед, ки муваффақ мегардед?

- Ростӣ, ба даст овардани Шоҳҷоиза кори осон нест. Албатта, бо вуҷуди боварӣ ба донишӯ фаҳмиш, каме шак доштам, зеро рақобат барои ба даст овардани Шоҳҷоиза хеле сахту ҷиддӣ мегузарад ва он ҷо довталабони синну соли гуногун иштирок мекунанд. Доварон низ дар навбати худ ба довталабони Шоҳҷоиза саволҳое медиҳанд, ки фарқкунандаву душворанд ва кӯшиш менамоянд, ки арзанда будани ҳар даъвогар тасдиқ шавад.

- Ба даст овардани Шоҳҷоизаи бузургтарин озмуни китобхонӣ дар кишвар барои шумо чӣ маъно дорад?

- Соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шудан, пеш аз ҳама, барои ман ифтихор аст, зеро ин озмунро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намудаанд. Дар навбати худ ба Президенти кишварамон барои ин иқдоми беназирашон миннатдории самимиамро баён медорам. Ҳамчунин, бояд бигӯям, ки ба даст овардани Шоҳҷоизаро масъулияти бузург мепиндорам.

- Одатан, онҳое, ки ба муваффақияте ноил мегарданд, ҷоизаву унвонашонро ба касе мебахшанд. Бигӯед, ки шумо Шоҳҷоизаатонро ба кӣ бахшидед?

- Шоҳҷоизаамро ба адабиёт, ба нависандагон, ба китобхонону китобдӯстон бахшидам.

- Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари маъруфияту мукофотпулӣ, боз ба шумо чӣ дод?

- Ин озмун барои ман дари адабиётро, дари дӯстиро, дари сухандониву суханвариро кушод. Ҷаҳонбиниамро васеъ кард. Дар ҷараёни иштирок дар озмуни мазкур ҷаҳони наверо пайдо намудам. Мисли ҷуғрофидоне, ки қитъаи навро кашф кардааст. Аз ҳар асари хондаам чизи нав, рӯҳияи нав ва дунёи нав ёфтам. Суҳбат бо аҳли илму адаб низ бароям муфид ва фаромӯшнашаванда аст. Ҳамчунин, забондониам хеле равнақ ёфт ва дар натиҷаи омодагӣ ба озмун дараҷаи донистани забонҳои русӣ ва англисиам беҳтар гардид, зеро вақти мутолиаи адабиёти ҷаҳон хоҳ-нохоҳ хонанда бо забони навишту гуфтори онҳо ошноии бештар пайдо мекунад.

- Барои иштирок дар озмун ба шумо киҳо ёрӣ расонданд?

- Дар масъалаи омодагӣ ба озмун ба ман ҳама кумак карданд. Аз волидону амаку аммҳоям то муаллимони мактабу ҳамсинфонам. Ҳама наздиконам ба ман дасти ёрӣ дароз карданд, аз ҷумла дар ҷустуҷӯи адабиёти тавсияшаванда, аз бар кардани шеърҳо, омода кардани ҷузвдон барои иштирок ва ғайраҳо дар барам буданд. Ҳамин аст, ки ба даст овардани Шоҳҷоизаро муваффақияти ҳама атрофиёну наздиконам медонам.

- Шумо аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон иштирок кардед. Чаро маҳз ин номинатсияро интихоб намудед?

- Сабаби интихоби номинатсияи адабиёти ҷаҳон он аст, ки аз фарҳанги оламиён бештар бохабар гардам, зеро ба воситаи китоб ин кор хеле осон ба даст меояд. Ҳамчунин, мехостам забонҳои русиву англисиро аз худ намоям ва хушбахтона маҳз бо шарофати ин озмун забондониам низ беҳтар гардид.

- Номгӯи асарҳои хондаатон чанд аст?

- Дар умум 490 асар, аз ҷумла 120 роман, 66 повест, 75 ҳикоя ва новалле, 18 асари саҳнавӣ мутолиа намуда, 5300 мисраи шеъриро аз бар намудам. Ман дар дафтари қайдҳоям, ки ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намудам, асарҳоеро қайд карда будам, ки ҳамаашонро бо шавқ хондаам ва дӯст доштаам. Боз асарҳое буданд, ки мутолиа карда будам, вале дар дафтарам қайд накардам.

- Пайдо кардани китобҳо душвор набуд?

- Барои ман, ки дар деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунам, ёфтани китобҳо осон набуд. Дар ёфтани китобҳо амаку аммаҳоям кумак карданд. Аз Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар низ бархе китобҳоро дастрас кардам. Ҳамчунин, баъзе китобҳоро аз интернет пайдо намуда, электронӣ мутолиа кардам.

- Китобҳои савтӣ гӯш кардед?

- Не, ба ман зиёдтар китобҳои чопӣ писанданд.

- Пеш аз озмун дар як шабонарӯз чанд соат китоб мехондед?

- Дар ҷараёни китобхонӣ саҳифаҳои китобро намешуморидам ва ба худам нақша намемондам, ки бояд фалон миқдор саҳифаро хонам, балки чӣ қадар хонданам аз равиши асар вобаста буд. Агар сужа шавқовар мебуд, то ҷои муайян, яъне тамом шудани боб ё ҳодисае мутолиа мекардам. Дар умум, дар як шабонарӯз 4-5 соат китоб мехондам.

- Ҳоло китоб мехонед ё пас аз ғолибият истироҳат мекунед?

- Китобхонӣ барои ман одат аст ва пас аз ба даст овардани Шоҳҷоиза низ китобхониамро давом дода истодаам.

- Соли чандум аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок кардед?

- Имсол соли чорум аст. Солҳои қаблӣ то даври ҷумҳуриявӣ рақобат карда, сазовори ифтихорнома гаштам.

- Шумо то се соли оянда дар озмун ҳаққи иштирок кардан надоред, оё пас аз он боз нияти худро санҷидан доред?

- Бале, ният дорам пас аз се сол аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир иштирок намоям.

- Тибқи қоида шумо ҳуқуқ доред дар дилхоҳ донишгоҳ бо ихтисоси мехостаатон таҳсил кунед. Бигӯед, ки касби ояндаатонро интихоб кардаед?

- Касби ояндаамро интихоб кардаам ва мехоҳам табиб шавам. Ҳамчунин, ҳоло болои романе кор карда истодаам ва дар баробари табибӣ, нависанда шудан ҳам мехоҳам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.