3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:33, Душанбе
10.12.2025 09:15

Даргузашти Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик

Шоми 9-уми декабр дар шаҳри Душанбе рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Гули Зард дар синни 62-солагӣ даргузашт.

Тибқи иттилои дастрас, нависандаи тоҷик чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мекашид.

Гуфта мешавад, ки Гули Зард чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд.

Гули Зард муаллифи китобҳои “Бодоми шириндона”, “Дард”, "Ашки аҷал", "Хазонрези орзуҳо", "Ишқи духтари пистафурӯш", “Дар ҷаҳаннам” ва ғайраро мебошад.

Ҷанозаи Гули Зард имрӯз, 10-уми декабр, соати 10 дар кӯчаи Сомонӣ 564, (пушти бозори “Корвон”) доир мегардад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.