Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
“Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тайёр кардани кадрҳои эҷодӣ”. Тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия
8-уми декабр дар шаҳри Душанбе вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Ярин Вячеслав Юрьевич, вазир оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловски Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ, фестивалҳои тобистона, озмунҳо ва ғайраҳоро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, манбаъ меафзояд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои имкониятҳои таълимии Донишкадаи давлатии театралии Екатеринбург, таҳияи барномаҳои мақсадноки магистратура барои тайёр кардани кадрҳои эҷодӣ, амалисозии дастгирии методӣ дар самти тайёр кардани омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти театрӣ, мастер-классҳо ва дигар самтҳои соҳаи фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”