Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад
Даҳ довталаби беҳтарини сол муайян ва қадрдонӣ шуданд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли равонро муайян кард.
Иттилоъ дода мешавад, ки Маркази миллии тестӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд, муайян ва қадр менамояд.
Ҳамин тавр, беҳтарин довталабони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 инҳо мебошанд:
- Мадуллоев Абубакр Толибҷонович, хатмкардаи гимназияи № 1, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисоси 140010108 – “Муҳандисии барномавӣ”.
- Раҳимов Дилшодҷон Бобоҷонович, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, ноҳияи Б. Ғафуров, донишҷӯи курси 1-уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси 1400101 – “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”.
- Деҳқонова Зебунисо Ҷаҳонгировна, хатмкардаи литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1260201 – “Бизнес-маъмуриятчигӣ”.
- Назарова Шукрона Раҳматуллоевна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1250103 – “Иқтисоди ҷаҳонӣ”.
- Газиева Мадина Баҳодуровна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 123010203 – “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-англисӣ)”.
- Файззода Омина Алишер, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ихтисоси 450302 – “Лингвистика”.
- Мирзомаҳмадиев Аҳлиддин Абдуаҳадович, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102 – “Ҳуқуқшиносӣ”.
- Абдуева Мавҷуда Абдусаломовна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102 – “Ҳуқуқшиносӣ”.
- Раҳимзода Аҳмад Шодиали, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”.
- Ҳамидиён Ҳалимҷони Комронӣ, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36, ноҳияи Шоҳмансур, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд