«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаи маориф рушд меёбад
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин, густариши равобити академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ҳамкориҳои амалкунанда як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак (Turkish Scholarship), табодули донишҷӯён дар ҳоли рушд қарор дорад.
Манбаъ меафзояд, ки раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълим таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Туркия омода аст, барои афзоиши иқтидори кадрӣ ва рушди ихтисосҳои афзалиятнок барномаҳои навро роҳандозӣ намояд.
"Ҳамчунин, Эрол Озвар омодагии Шурои таҳсилоти олии Туркияро ҷиҳати дастгирии азнавсозии заминаи техникии донишгоҳҳои техникӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷалби омӯзгорони тоҷик ба курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои омӯзиши касбӣ иброз дошт", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад