Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон доир гардид
Рӯзи 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони хориҷии ду кишвар доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳои ду кишварро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар – Фаррух Шарифзода, аз ҷониби Тоҷикистон ва Маҷид Тахтравончӣ аз ҷониби Эрон раҳбарӣ мекарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, раванди татбиқи созишномаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшударо арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи муштараки ду кишвар мебошанд, муҳкома гардид.
Музокирот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод