Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
250 варзишгар аз 16 давлат дар Душанбе. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот оғоз шуд
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Манбаъ меафзояд, ки мусобиқаи мазкур ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди минбаъдаи шоҳмот дар мамлакат, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мебошад.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон доир гашта, то 16-уми ноябр идома меёбад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” зиёда аз 250 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод