31 Октябр 2026,
шанбе, 10:53, Душанбе
11.11.2025 09:33

Тоҷикистон бо ширкати амрикоии зеҳни сунъӣ ҳамкориро оғоз мекунад

Ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ - Perplexity AI аз шаҳри Сан-Франсиско ба консорсиуми Area AI, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аввалин зонаи махсуси зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон таъсис меёбад, ҳамроҳ шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки ҳамкории Perplexity AI бо экосистемаи Area AI ба воситаи ҳамгироии Comet – нахустин браузери агентии зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон, дар доираи лоиҳаи AI-GOV якҷо бо ширкати  epsilon3.ai, амалӣ мешавад.

Амалӣ намудани ин лоиҳа дар Тоҷикистон ба Area AI имкон медиҳад, ки ба маркази минтақавӣ барои содироти технологияи Perplexity AI дар доираи ташаббуси “AI-GOV” табдил ёбад.

Созишнома дар ҷараёни Саммити С5+1, ки дар Вашингтон доир гардид, расман эълон шуд. Дар ҳамин маросим Вазири савдои ИМА Ҳорвард Латник ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ҳузур доштанд.

Дар доираи  Area AI, ширкатҳое, ки ҳалли технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро таҳия ва содир мекунанд, дар Зонаи 2 — Хаби зеҳни сунъии амалии Зонаи махсуси ЗС ҷойгир карда мешаванд.

Консорсиуми сармоягузорӣ, ки роҳбариву рушди Area AI-ро назорат мекунад, аз ҷониби ширкати zypl.ai идора мешавад.

Ҳамкории Perplexity AI ворид кардани технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъиро ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи зеҳни сунъиро дар назар дорад.

Лоиҳаи Area AI, ки Perplexity AI низ ба он шомил аст, ба ҳадафи рӯҳбаланд кардани фаъолияти инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ тавассути истифодаи ҳалли ЗС ва рушди иқтидори содиротии технологияҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.