Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Даҳ сол пас аз Роналду. Килиан Мбаппе “Кафши тиллоӣ”-ро дар ҳайати “Реал Мадрид” ба даст овард
Ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе аввалин ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро дар ҳайати бошгоҳи наваш ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” бо ҳузури президент, сармураббӣ ва футболбозони дастаи шоҳона баргузор гашт.
Килиан Мбаппе ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро барои беҳтарин нишонзан будан дар мавсими 2024/25 дар топ-5 лигаи Аврупо ба даст овард.
“Ин ҷоиза барои ман махсус аст. Ба ҳамдастаҳоям ташаккур мегӯям, зеро маҳз онҳо ба ман кумак карданд, ки ин ҷоизаи инфиродиро ба даст биёрам. “Реал Мадрид” беҳтарин бошгоҳи дунё аст ва мо дар мавсими ҷорӣ ҷоизаҳои зиёд ба даст меорем”, - иброз дошт Килиан Мбаппе.
Чун Килиан Мбапперо бисёртар ба Криштиану Роналду муқоиса мекунанд, бояд бигӯем, ки Роналду тӯли фаъолияташ дар “Реал Мадрид” се маротиба ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро ба даст оварда буд. Бори охир Криштиану Роналду барои мавсими 2014/15 ҷоизаи мазкурро ба даст оварда буд ва инак, Килиан Мбаппе пас аз даҳ сол ин ҷоизаро ба даст овард.
“Муқоисаи ман бо Криштиану Роналду хуб аст, вале намедонам, ки натиҷаҳои олии ӯро ман дар ҳайати “Реал Мадрид” ба даст оварда метавонам ё не. Аммо мехоҳам роҳи худамро дошта бошам ва ба бошгоҳ кумак кунам”, - гуфт Мбаппе.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод