Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон дар Минск чорабинии махсус доир ба рафъи тундгароӣ ва хатарҳои он ташкил кард
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Минск бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии махсус зери унвони «Ҳамоҳангии руйкардҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар самти рафъи тундгароӣ: хатарҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур 28-уми октябри доир гашта, дар он дабири кулли СҲШ, роҳбарияти котиботи ИДМ, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, инчунин, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва Раёсати зиддитеррористии СММ иштирок намуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Сафарзода Бахтовар рӯйкардҳои Тоҷикистонро, ки ба таҳкими абзорҳои муштараки таъмини амният, такмили чораҳои пешгирикунанда ва рафъи тундгароӣ дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба равона шудааст, муаррифӣ намуд.
Иштирокдорон аҳамияти таҳкими талошҳои муштараки ИДМ, СААД ва СҲШ-ро дар самти рафъи тундгароӣ таъкид карда, роҷеъ ба таҷриба дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда табодули афкор намуданд ва омодагиро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар чорчӯбаи абзорҳои бисёрҷонибаи амниятӣ изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод