Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Дар Душанбе беҳтарин ровиёни наврас муайян гардиданд
Тавре ки аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар медиҳанд, озмуни шаҳрии «Беҳтарин ровии наврас–2025» ҷамъбаст гардид.
Ба иттилои манбаъ, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони озмуни мазкур бо тартиби зерин муайян гардиданд: ҷойи якум – Ҳукмиддинова Шукрона, хонандаи синфи 8, МТМУ №4 ноҳияи Шоҳмансур; ҷойи II – Маҳмадзода Фараҳноз, хонандаи синфи 11, Литсейи №3 ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойи III – Хушвахтова Фархунда, хонандаи синфи 11, Литсейи №2 ноҳияи Сино.
Гуфта мешавад, ки озмуни шаҳрии “Беҳтарин ровии наврас–2025” бо мақсади кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ровигӣ ва суханварӣ аз 16-уми сентябр то 24-уми октябр миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар иттилоия зикр мегардад, ки ғолибони озмун дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва шарикони иҷтимоии он қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”