Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар 999 ҳодисаи роҳу нақлиёт 144 нафар ҳалок ва 318 кас ҷароҳат бардоштанд
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 434 ҳолати онро пахши пиёдагардон ташкил медиҳад.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти манбаъ меафзояд, дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 144 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 318 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
“Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт ва дар ҳолати мастӣ мебошанд. Инчунин бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, аксари фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ амалиёти “Пиёдагард” ҷараён дорад, ки то 30-юми моҳи равон идома меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд