Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ислом Махачев дар UFC Қасри Сафед баромад кардан мехоҳад
Собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук ва ҳоло довталаби камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна Ислом Махачев пеш аз муҳорибаи навбатиаш дар мусоҳибае доир ба Ҷек Делла Маддалена, Илия Топурия ва нақшаҳои ояндааш гуфт.
Размкори доғистонӣ нахуст дар бораи муҳорибаи дар пеш истодааш чунин ибрози назар кард: “Фикр мекунам, то имрӯз пурқувваттарин рақибам Ҷек Делла Маддалена мешавад, зеро ман ба вазни ӯ мебароям ва баръакси муҳорибаҳои қаблӣ ба ҷойи кам кардани вазн, онро зиёд мекунам. Ҳамчунин, тамринҳо душвор паси сар шуда истодаанд, зеро бо касоне худро месанҷам, ки баробари ӯ вазн доранд. Вале ба ин ҳама нигоҳ нокарда, боварӣ дорам, ки ӯро шикаст медиҳам ва чемпион мегардам”.
Вақте ки Ислом Махачев моҳи май эълони иваз кардани вазнро кард, камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук озод шуд ва Илия Топурия ва Чарлз Оливейра барои он рақобат карданд. Аз моҳи июн инҷониб Илия Топурия чемпиони UFC дар вазни сабук аст ва ӯ чандин маротиба мешавад, ки Ислом Махачевро ба муҳориба даъват мекунад. Рамзкори доғистонӣ ба ӯ чунин посух дод: “Агар ман Ҷек Делла Маддаленаро шикаст диҳам ва ташкилот муҳорибаи маро бо Илия Топурия ташкил кардан хоҳад, ман розӣ ҳастам. Тавре медонем, Илия Топурия мехоҳад дар мусобиқаи UFC Қасри Сафед баромад кунад ва ман ҳам инро мехоҳам”.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари UFC гуфта буд, ки агар Ислом Махачев камарбанди чемпиониро дар вазни ниммиёна ба даст орад, муҳорибаи ӯро бо Илия Топурия ташкил хоҳем кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод